БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Афзоиши аъзои ҲХДТ аз ҳисоби кормандони соҳаи тандурустӣ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Зарқалъа” мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Зарқалъа” Шомадов Ниёзмад иштирок доштанд.

Дар оғоз Шомадов Ниёзмад меҳмононро ба иштирокдорон шинос намуда, сипас иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо ҳизб асоси мувафақияти ҳар як корманди соҳа мебошад, зеро солимии ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизб ба ҳисоб меравад, дар ин замина дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати  кормандони соҳаи тандурустӣ сармашқи кори худ намуда, дар самти солимии ҷомеа ба халқу ватани худ содиқона хизмат менамоем.

Дар навбати худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада, дар бораи фаъолияти ҳизб, аксияи тарғиботӣ - амалии   ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” инчунин, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои некбинона ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ ибрози андеша намуда, дар рафти ин ҷамъомад ботантана ба кормандоне, ки ба сафи ҲХДТ аъзо шуданд, билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар фарҷом дастаҷамъона дар назди ташкилоти ибтидоӣ дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” шинонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg