ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Якдилон" соати сиёсӣ ва шанбегӣ баргузор карда шуд, ки ҷавонон барои обод намудани гирду атрофи қабристони маҳалла камари ҳиммат бастанд.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХДТ дар ноҳияи Ёвон ширкат варзида, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо сокинони маҳаллаи Алишер Навоӣ суҳбатҳои муфид доир намуданд.