БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост!

КУШОНИЁН.Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор деҳаи Чорсу бо иштироки мардуми ватандӯстӣ деҳа корҳои ободонӣ  баргузор гардид.

Иштирокдорон  гирду атрофи деҳаи номбурдаро аз партовҳо ва алафҳои бегонаи худрӯй тоза ва роҳи деҳаро  бо тариқи ҳашар сангфарш намуданд.

Дар роҳандозии Аксияи ҳизбӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ишотирок намуда, пас аз анҷоми корҳои ободонӣ  вохӯрӣ бо сокинон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда, аз ҷумла қайд намуданд, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад”.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg