
ВОКУНИШ. Мо ҷавонон дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёдро пешорӯи мо гузоштааст. Дигаргуниҳои ҷомеа ба ҷавонон тез таъсир мерасонад. Ин раванд як зумра мушкилотҳое мебошанд, ки бартараф кардани онҳо кори хело зарур аст. Мушкилии ҷиддӣ, майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеадоштаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои худ аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз қабили терроризм, экстремизм тамоми аҳли ҷомеаро ҳамчун муаммои доғи рӯз ба ташвиш овардааст, ки ин аз паст будани тарбия ва дониши бархе аз ҷавонони имрӯза дарак медиҳад. Сатҳи пешрафти техника ва технологияи информатсионӣ бениҳоят дар ҳоли рушд ва пешравист, зиёди ҷавонон аз технологияҳои замонавӣ истифода мебаранд. Роҳи асосие, ки имрӯз ҷовонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистӣ пайваст мешаванд, бемаврид ва нодуруст истифода намудани шабакаи ҷаҳонии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Боиси нигаронист, ки рӯз то рӯз дар хориҷи кишвар ҳар гуна гурӯҳҳои экстремисти пайдо шуда, ҷавонони моро бо ҳар роҳ ба худ ҷалб карда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳояшон ба ҷавонон рӯ оварда, пайваста таъкид менамоянд, ки “Зиракиву ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод”. Пас мо ҷавононро зарур аст доимо омода бошем ва ҳар ҷое, ки бошем пеш аз ҳама ҳисси миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои он, дӯст доштани Ватан-Модар ва ҳимояи марзу буми Ватанро дар ҷои аввал гузорем ва нагузорем ҳар гуна гуррӯҳҳои характери террористидошта барои расидан ба мақсадҳои фасодди худ давлати ободу ороми моро халалдор намояд.
Тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.
Мо ҷавонон дар паҳлӯи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, Ватанро ободтар мекунем. Чӣ хеле ки мегӯянд: - Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан воҷибтар. Аз ин рӯ, кас ба куҷое, ки сафар накунад, меҳри Ватан ӯро чун оҳанрабо боз ба сӯи худ мекашад. Мо бояд Ватани худро дӯст дорем ва ҳамеша ба хизматаш омода бошем!!!!!
Лола Сулаймонова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ