БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мавқеи занон дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкамтар гардид!

АНДЕША.Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маданӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ ва амниятии  кишвар мебошад, рӯзи  26 декабри соли 2017 дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум  «Дар бораи самтҳои асосии  сиёсати дохилӣ ва  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»    ироа гардид.  Паём бо зикри асоситарин дастовардҳои муҳиму таърихии соли 2018 шурӯъ шуд.

 Дар ироаи ҳар як Паёмашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ низ оид ба мавқеъ ва  вазифаҳои ба душдоштаи занону бонувон омадааст: “ Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.  Дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар ин самт як қатор стратегияву барномаҳо амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд”.

 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари алигардонии онҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи  пешгирии  зӯроварӣ дар оила”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 158, аз 1 апрели соли 2017  “ Дар бораи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №548, аз 29 августи соли2015 “ Дар бораи нақшаи амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2020”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015  “ Дар бораи қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016- 2020” ва даҳҳо санадҳои дигари меъёрӣ- ҳуқуқии қабулгардида мисоли  гуфтаҳои болост.

Пешвои миллат барои мисол ду соҳа- соҳаи маориф ва тандурустиро мисол меоваранд.  Шумораи кормандон дар ин соҳаҳо  аз ҳисоби занон сол то сол меафзояд. Чунончи дар соҳаи маориф аз шумораи умумии кормандон 52 фоиз ва дар соҳаи тандурустӣ аз шумораи 80 ҳазор  нафар кормандон 51 ҳазор нафарашро занону духтарон ташкил медиҳад.

Чунин  раванди мусбӣ дар ноҳияи мо ҳам ба мушоҳида мерасад.  Алҳол дар соҳаи маориф   228 нафар  ва дар соҳаи тандурустӣ   287 нафар занону духтарон кору фаъолият доранд.  Сол то сол пешбарӣ ва интихоби занону бонувони ба зинаҳои роҳбарӣ зиёд мегардад .  Ҳоло шумораи занони роҳбар дар ноҳия 24 ва хизматчиёни давлатӣ  аз ҳисоби занону духтарон   6  нафарро ташкил медиҳад. Чор нафар бонувони ноҳия  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мебошанд.

Пешвои миллат бо суханони пурҳикмат дар бораи  зан -модар, ягона мавҷудоте, ки инсонро ба дунё меорад   ва ба ӯ ҳаёт мебахшад , ҳамагонро даъват бар он намуд, ки ба ин  офарандаи  инсоният арҷ гузоранд, ранҷу машаққат ва  заҳмату хизматҳои ӯро қадр кунанд.

Ҳамзамон  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз модарону бонувон даъват ба амал оварданд,  ки  дар риояи қонунҳои миллиамон  “ Дар бораи  танзими анъана  ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боз ҳам фаъол бошанд. Фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакорӣ,  ки  яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд. Дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд,  расму ойин, анъанаву суннатҳо  ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.

Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар  аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират  ва суханвариро бо ин забони шоирона омӯзонанд”.  

Дар ҳақиқат занону модарон ва бонувони тоҷик дар тарбияи насли солими миллати тоҷик, ҳифзу нигаҳдори фарҳанг, забон ва урфу одат  масъулияти баландро ба уҳда доранд.  Дар хориҷ аз кишвар тоҷик будани занро аз рӯи риояи фарҳанги либоспӯшӣ мешиносанд. Имрӯз  либоси чакан, адрас, атласе, ки занони тоҷик ба бар мекунанд, дар дунё бо либоси хоси миллати мо буданашон  шуҳрат доранд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки Асамблеяи генералии ЮНЕСКО боз  яке аз намунаҳои ҳунарҳои мардумии мо -  чаканро ба Феҳрести мероси фарҳанги ғайримоддии  башарӣ шомил намуд. Имрӯз вазифаи мо  аз он иборат аст, ки ин нуктаҳои пурарзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум  ва алалхусус, ба интихобкунандагон,  занону бонувон расонем, онҳоро баҳри иҷрои он вазифаҳои пурмасъулияте, ки  ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, сафарбар намоем. Мо, занону бонувон  бояд рисолати зани тоҷикро, ки  аз ҳама пеш ба дунё овардани насли солим,  тарбия ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани он мебошад,  таъмин созем.

Мо, занону бонувони ноҳияи Ховалинг ҳамаи дастуру пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллатро бо дарки масъулият эҳсос намуда, дар иҷрои сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад,  саҳми арзандаи худро мегузорем.

 

Гулҷаҳон Сафарова, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg