БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иртиботи доимӣ доштан бо мардум аз ҳадафҳои аслии ҲХДТ мебошад!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот анҷом дода шуд.

Нахст, дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” Лақаев Муслим иштирок ва баромад намуданд.

Фирӯзи Садмӯъмин зимни баромад қайд намуд, ки иртиботи доимӣ доштан бо мардум ва ташаккул додани мафкураи ҷомеа ҷиҳати анҷом додани корҳои созанда аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, мавсуф вобаста ба Паёми Пешвои миллат ибрози андеша карда, гуфт, ки Паём дастури созандаест, ки ҷомеаро роҳнамоӣ месозад.

Ҳамзамон, Лақаев Муслим изҳор кард, ки барои дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии ҳизб ҳамеша саҳми худро хоҳем гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg