
Ш.ШОҲИН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Кӯдакистон» тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Қурбонова Малоҳат мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.
Баъд аз анҷоми вохӯрӣ бо дастгирии сокинон Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир карда шуда,дар он иштирокдорон дар шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда саҳм гузоштанд.