
ДАНҒАРА.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КДФ Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, ташаккули шуур ва маданияти сиёсии шаҳрвандон, асри ХХI- асри техника ва технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, татбиқи технологияи муосир дар истеҳсолот, ҳадафҳои стратегии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро, риояи қонунҳои миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.