
ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади пешбурди корҳои фаҳмондадиҳи дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Шаҳритуз бо кормандон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи дурусти наврасон, баландбардоштани савияи дониши онҳо ва содиқона хизмат кардан ба халқу Ватанро ҳидоят намуд.