БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мароми мо вусъати корҳои маърифатию тарбиявӣ дар ҷомеа аст!

ХУРОСОН.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Табаралӣ Довидов»-и ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳия оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта буд,  андешаронӣ намуда, аз ҳар як сокинони  деҳа  ҷиҳати дар амал татбиқ намуданидастуру супоришҳои Роҳбари давлат даъват ба амал оварданд.

Инчунин, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg