БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолон таъмири пурраи синфхонаҳои муассисаи таълимӣ ва сангфарш намудани роҳи деҳаро ба уҳда гирифтанд

ХОВАЛИНГ.Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Ҷомбахт”-и ҷамоати деҳоти Ҷомбахт оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, дар баробари кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов ва Шарифҷон Набиев вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 18 Искандар Бобоназаров,  раиси ҷамоати деҳоти Ҷомбахт Миралӣ Назаров иштирок намуданд.

Дар хониши сиёсӣ сараввал вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Искандар Бобоназаров баромад намуда,  дар бораи Паём ва дастуру супоришҳои аз он бароянда ба ҳозирин ба таври муфассал маълумот дода, изҳори боварӣ намуд,  ки интихобкунандагонаш дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, дар амри иҷрои онҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар асоси Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аҳли деҳ таъмири пурраи 11 синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23  ва сангфарш намудани роҳи маҳаллаи навбунёди деҳаро ба уҳда гирифтанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg