БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯдакон насли ояндасози миллатанд!

ФАРХОР. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №3” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Раҳмонов Далер мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди ҳозирин атрофи ҳадафҳои барономавию Оинномавии ҲХДТ ва дар мавзӯъи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию хештнашиносӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад  суханронӣ намуд.

Инчунин,мавсуф дар идома дар бораи Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ,  чархаи якуми НБО-и Роғун, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои содиқонаву софдилона хизмат намудан халқу Ватанро раҳнамоӣ кард.

Ҳамчунин, аҳамияти ҳадафи чоруми стратегии кишвар-саноатикунони мамлакат дар рушди минбаъда ҳаматарафа шарҳ дода шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg