КУШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Баҳор” намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, мубориза бар зидди бегонапарастию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид карданд, ки сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ паст будани маърифати онҳо мебошад.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ перомуни дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, ба кор даромадани чархаи аввали НБО “Роғун”, эълон шудани ҳадафи чаҳоруми олӣ - саноатикунонии босуръати кишвар андешаҳо иброз шуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ Мирзоева Мунира бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои саҳми арзандааш дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ - ҳизби пирӯзу пешоҳанги ҷомеа ва иштироки фаъолона дар озмуни “Армуғони хатлонӣ”, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд, сарфароз гардонида шуда, аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.