ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи фаръии давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар он муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, аз ҷониби мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдураҳимова Фирӯза мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти суҳбат масъулин доир ба самтҳои Паём, ки ҳамчун барномаи мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ маънидод мегардад, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум қарор мегирад, суҳбат намуданд.