ДАНҒАРА.Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти андоз” дар ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, дипломатияи байналмилалии масоили об ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат суханронӣ намуд.