ВОСЕЪ.Тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Саъдуллои Шариф»-и ҷамоат деҳоти Гулистон бо иштироки кормандони маъсули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохȳрӣ баргузор гардид.
Зимни вохȳрӣ бо синфҳои болоии ташкилоти ибтидоии номбурда мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Манучеҳри Хуршед оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ташаккули фарҳанги техникии ҷавонон ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо ва дар оянда дурст интихоб кардани касбу кори ба ҷамъият фоидаовар суханронӣ намуд.
Баъд аз вохȳрӣ бо синфҳои болоӣ дар маҳаллаи Садулло Шарифов бо сокинони фаъоли маҳалла атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат ороста, бо мақсади боло бурдани сатҳи мафкураи сиёсии онҳо нахустин нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ» дастраси мардуми деҳа гардонида шуд.