БОХТАР.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар шаҳри Бохтар оид ба чорабиниҳои ҳизбӣ ва расонидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ресанда» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Шукрона Нуруллозода вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаииҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, оид ба масъалаҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат баррасӣ гардида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ карданд. Сипас дар идома Шукрона Нуруллозода атрофи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона сухан карда, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо ин ҷалби занону духтарон ба либоси миллӣ ва даст кашидан аз фарҳанги ба мо бегона мебошад.