БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тағйироти кадрӣ дар шаҳри Кӯлоб

КӮЛОБ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Дар маҷлиси мазкур се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт, ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Раёсати он, аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар дар шаҳри Кӯлоб озод намудани Валиева Саъбагул бинобар сабаби ба нафақа баромадан ва ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб интихоб намудани Орзу Ҳамидиён.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияро раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло оғоз бахшида, баъдан сухан барои баррасии масъалаҳои пешбинишуда ба муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло дода шуд. Неъматулло Иброҳимзода дар баромадаш қайд намуд, ки бо таклифу пешниҳодҳо ба ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тағйирот ворид гардида, Валиева Саъбагул бинобар сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб озод карда шуда, бо розигии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб номзадии Орзу Ҳамидиён  пешниҳод карда шудааст. Ҳамин тавр, номзадии Ҳамидиён Орзу аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия якдилона дастгирӣ ёфт.

Дар қисмати ниҳоии маҷлис ба Валиева Саъбагул барои фаъолияти босамараш Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар сатҳи тантанавӣ тақдим гардид. Инчунин, мавсуф бо туҳфаҳои таъсисдодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимимяти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg