БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонии мост!

ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва   терроризму эктсремизм хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин  Абдуллоев  иштирок ва суханронӣ намуд.

Абдуллоев Ваҳобиддин  дар суханронии худ оид ба роҳҳои  иҷрои  вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудаанд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки татбиқи  мақсаду маром ва  ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб бояд бошад. Баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg