БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Театр- оинаи зиндагии инсонҳост!

ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмави”-и ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат аз ҷумла, саноатикунонии мамлакат қарор гирифтани ҳадафи чоруми стратегӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, рушди мафкураи фарҳангӣ ва сиёсии шаҳрвандон, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву  созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg