БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Биноҳоро бо тарҳи миллӣ обод месозем!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Идораи сохтмони асосии вилоят»  мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба вохӯриву чорабиниҳои ҳизбӣ ва татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи якуми соли 2019 вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ҳакимова Волида иштирок дошта,  доир ба сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим ва  сари вақт омода  намудани корҳо барои оғози сохтмони биноҳо ва муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ  суханронӣ карда, зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони биноҳое, ки дорои хусусиятҳои миллӣ мебошанд, таваҷҷуҳ намуда, ҳамеша таъкид месозанд, ки биноҳое, ки сохтаю ба истифода дода мешаванд, бояд ба талаботи замона ҷавобгӯ бошанд, дар баробари ин бояд ба нақшу нигор ва тарҳҳои миллӣ оро дода шавад.

Дар охир раиси ташкилоти итбтидоии «Идораи сохтмони асосии вилоят» Худоёназаров Раҳматулло дар бораи  сари вақт омода намудани корҳо барои оғози сохтмони биноҳои  муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон андешаҳои худро баён дошт.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg