БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат – роҳнамо ва сармашқи фаъолияти ҳамаи мо!

ҶАЙҲУН.Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии «Матбаа»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» бо иштироки мудири  шeъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғаффорова Насимахон ва раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Обидзода Фарҳод дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ раиси ташкилоти ибтидоии «Матбаа» Обидзода Фарҳод баромад намуда, қайд кард, ки воқеан ҳам Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки тамоми имконият, захираҳои моддиву зеҳнӣ ва қувваи худро ба татбиқи амалии вазифаҳои дар пеш гузоштаи Президенти маҳбуби миллат равона созем, ба ин восита табақаи ниёзманди ҷомеаро каме ҳам бошад дастгири намоем.

Дар доираи Аксияи ҳизбии таблиғотӣ-амалӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «Матбаа» ба як оилаи ниёзманд, ки сарпарасти оила (падарашон) дар қайди ҳайёт нест, кӯмаки моддӣ аз қабили орду равған, биринҷу макарону шакар ва дигар ашёи рузгор расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg