БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст!

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар қисими низомии 0308-и маркази ноҳия бо сарбозону афсарони қисми низомии болозикр вохӯрӣ доир гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин    Назарзода Толибҷон зимни баромадаш аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гашта,  сарбозону афсаронро ба хизмати садоқатмандона ба Ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар ба ҳушёриву зиракӣ, ки  ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд,  раҳнамоӣ намуд.

Дар интиҳои вохӯрӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба 10 нафар сарбозони қисми низомӣ, ки сарбаландона хизмати Ватан-Модарро адо намуда истодаанд, бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg