БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳми ҳизбиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ зиёд аст!

ҲАМАДОНӢ. Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Даҳана» ва «Марғоб»-и ҷамоати деҳоти Чубек бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ  карда, қайд намуд, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст.

Дар доираи иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони деҳаҳои Даҳана ва Марғоб ба шинонидани  картошка машғул шуданд, ки саҳми муносиби аъзои ҳизбро дар  таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъмин мекунад.

Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ин шарти асосии солимии мардум мебошад, ки яке аз масъалаҳои муҳим  ба шумор меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg