БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳисси баланди миллӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан гарави амнияту осоиши ҷомеа ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад!

ПАНҶ. Бо мақсади баррасӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар робита ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи “Мавзуна Чориева”-и ноҳия бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  мулоқот доир гардид.

Файзиев Каримҷон зимни суханронӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишвар бар меоянд, ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад.

Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Вазифаи аввалиндараҷаи омўзгорони мактаби ба номи Мавзуна Чориева бо варзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонони ноҳия буда, дар онҳо ҳисси баланди ватандӯстиву ифтихор аз Ватанро парваридан аст.

Дар охир, дар бораи татбиқи аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» сухан рафта, кайд шуд, ки Аксияи ҳизбии мо ба ҳадафҳои  созандаи Пешвои миллат мувофиқ буда, бо ин роҳ рушди бемайлони деҳот таъмин мегардад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg