МӮЪМИНОБОД. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар деҳаи Заркамари ноҳия оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвон «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Заркамар»-и ҷамоати деҳоти ба ном Н.Назаров мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуданд. Дар ҳудуди деҳа Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, дар он иштирокдорон ба корҳои ободонӣ саҳми назаррас гузоштанд.