ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади сазовор гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ҷадвали баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалӣ ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» Аксияи ҳизбӣ доир карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбии баргузоргардида аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти номбурда фаъолона ва бо шукгузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои сулҳу ороми Ватан ба ҳашари умумӣ баромада, қисмати роҳи деҳаро сангфарш намуда, ҳамзамон ду тарафи роҳу ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза намуданд.