ДӮСТӢ.Тибқи ӌадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иӌроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Ӌангалпарвар» бо сокинони деҳот суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин аз рафти заҳмати деҳқонон, ки ба корҳои саҳроӣ машӻул гардида буданд, бо онҳо аз наздик атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат ороста, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таъмини захираи озуқаворӣ корҳои маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар ташкилоти ибтидоии мазкур хоӌагидорон қитъаҳои замини кишоварзии ба онҳо вобастагардидаро самаранок истифода бурда, як ваӌаб заминро намегузоранд, ки аз гардиши кишоварзӣ берун монад. Ба ин мисол шуда метавонад Саидов Худойназар роҳбари хоӌагии деҳқонии «Саидакбар».
Инчунин, дар вохӯрии мазкур вакили ӌамоати деҳоти Нури Вахш Муҳиддинов Абдуӌаббор иштирок намуда, зикр кард, ки кишоварзони мо ҳамасола дар истеҳсоли маӌмӯи маҳсулоти дохилӣ пешсаф буда, дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ фаъол мебошанд.