Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмаки хонагӣ» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
- хониши сиёсӣ мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин иштирок дошта, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи ватандӯстӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯза, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Оид ба тадбиқи амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ «Кӯмаки хонагӣ» ба як нафар маъюб маводи хӯрока кумак расонид.