БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Деҳаи обод симои сокинони бомаърифати онро инъикос мекунад!

ВАХШ. Дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии «Роҳи нав 3»-и ҷамоати  Тоҷикобод  бо иштироки  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш тибқи нақшаи  корӣ   бахшида  ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ , эълон  гардидани   Солҳои рӯшди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ  намудани  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  суҳбату вохӯрӣ  бо  ҷонибдорон ва аъзои ҳизб  доир гардид.

Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов суханронӣ намуда,  қайд кард, ки  ватандӯсти   ҳақиқӣ  на дар суханҳои зебою ботантана, ваъдаҳои хушку холӣ, балки дар  кору  фаъолияти  ҳамарӯзаи амалӣ, дар гуфтору кирдор ва қавлу вафо, дар кору заҳмати софдилона, дар интизоми намунавию ахлоқи ҳамида, кӯшишу талошҳои пайваста баҳри манфиати Ватани маҳбуб  ва халқу давлат зоҳир мегардад.Сокинони маҳал дар якҷоягӣ бо як рӯҳияи баланди созандагию ободонӣ   ба ҳашари дастаҷамъона  баромада,  ба тоза кардани ҷӯйборҳои обгузар ва  нарм намудани бехи дарахтон шурӯъ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба сокинони маҳал шиору рӯзномаҳои ҳизбӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg