ҶАЙҲУН. Дар доираи ҷадвали тасдиқшуда Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Фархангчиён»-и ноҳия хониши сиёсӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Асалмамадов Бекмамадов ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр баргузор гардид.
Дар рафти чорабини Асалмамадов Бекмамадов вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд кард, ки Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид месозанд, ки миллати тоҷикро ҷаҳониён бо фарҳанги волояш мешиносанд. Аз ин ҷост, ки фарҳанг пояи ҳастии миллат аст. Ин аст, ки ҳамасола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат соҳаи фарҳанг дастгирӣ мешавад ва баҳри рушди ҳамаҷонибаи он тамоми шароитҳоро фароҳам меорад. Имрӯз низ аҳли фарҳанг аз мадди назари Президенти кишвар дур намондааст.
Ҳамзамон дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» масъулини ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» беш аз 50 адад китобҳои гуногунро харидорӣ намуда, ба китобхонаи марказии ноҳия тақдим карданд.