ПАНҶ. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи бандҳои ҷадвали вохўриҳо бо иштироки Ғафуров Сайдамир-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот, мутахассиси ҳамин шуъба Солиҳов Фирдавс дар ташкилоти ибтидоии “Хуҷаи Хлоз”-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат вохўрӣ доир гардид.
Онҳо оид ба хатари терроризму экстремизм ба истиқлолияти давлатӣ, хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ, ки ба косташавии маънавиёти ҷомеа меорад суханронӣ намуд. Қайд намуданд, ки яке аз сабабҳои ба гурўҳҳои ифротӣ дода шудани ҷавонон ин бо хурофотпарастӣ заҳролуд шудани мафкураи ҷавонон мебошад. Бинобар ин лозим аст, ки аҳли ҷомеа фарзандонро дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инсондўстӣ тарбия намуда, оқибатҳои манфии таассубу сиёсикунонии динро фаҳмонанд.
Дар охир, иштирокдорон дар амалишавиии корҳои ободонӣ, аз қабили тоза намудани ҷўйборҳои обрав, нармсозии бехи дарахтон ва шинондани дарахтони ороишӣ ва сояафкан дар ду тарафи роҳи мошингард иштирок намуданд.