БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасти дармондагон ва беморону бечорагонро гирифтан кори хайр аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Ҷамоати деҳоти Узун»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоёв Хизирдин дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Пешвои миллат ва Аксияи тарғиботӣ-амалии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёси баргузор гардид. 

Саравал Асоев Хизирдин қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, масъулияти бузурги ташаккулдиҳии маънавиёти ҷомеа ва рушди давлатдории миллиро ба душ дорад.

Баъди анҷоми мулоқот, дар қисмати иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба дидани як нафар маъюб рафта маводи хӯрока ба маблағи сад сомонӣ кӯмак карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg