БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Талвосаи ҷонкании мори захмдор!

ВОКУНИШ.Ҷомеаи имрӯза пур аз равияҳои номатлубест, ки ба баъзе фаҳмиши мардум, алалхусус ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд.  Барои аз чунин таъсиррасонӣ эмин будан шахс бояд дорои дониши баланди сиёсӣ, таърихӣ ва илмӣ бошад. Дар акси ҳол ба доми тазвири душманони давлату миллат, ки алҳол хориҷ аз кишвар паноҳ  бурда, муқобили давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик аз фитнакор мегиранд, меафтад.

Имрӯз дар сархати душманони давлату миллати тоҷик Ҳизби террористӣ- экстремистии наҳзати ислом меистад,  ки   алҳол ба як яроқи хоҷагони хориҷӣ барои ситезаандозӣ дар байни мардум ва бадномкунии давлату Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар бораи ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ будани роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом ҷойи шубҳа нест.   Нафси бад, талоши мансаб онҳоро ба ин роҳи пасти инсонӣ бурдааст.  Имрӯз омодаанд, ки бо ишораи хӯҷаи нонашон чун солҳои навадуми асри гузашта рӯзҳои мудҳишро ба сари мардум биёранд.  Гарчанде ба ҳар як сухани носавоби паҳн намудаашон мушт ба даҳон мехӯранд, одати бад балои ҷон,  хомӯш намеистанд.  Зеро ин вазифаи онҳост.   

Соҳибхона ҳеҷ гоҳ сагеро,  ки намеҷакад, нон намедиҳад. Ба ҳамин монанд агар Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш дар байни мардум ба муқобили давлат, Ҳукумат, Роҳбари давлат фитна наандозанд, ҳеҷ гоҳ хоҷагони хориҷиашон, ки нисбати сохти давлатдорӣ ва мазҳаби гузаштагони мо ниятҳои нопок доранд,  онҳоро маблағгузорӣ намекунанд.

Ҳизби наҳзати ислом аслан ҳизби дурӯғин буд ва ҳаст.  Онҳо аз ибтидо шумораи аъзо ва мақсади нопоки худро пинҳон медоштанд. Тамоми амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайришаръии худро аз таҷрибаи бо ном ҳомиёни дини мубини ислом либоси динӣ мепӯшонданд.  Ҳолон ки мақсади онҳо дигар кардани сохти давлатдорӣ ва сари қудрат омадан буд:

              Зиёни касон аз пайи суди хеш,

               Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Дар ёд дорем, ки онҳо барои ноил шудан ба курсии вазифа ҳатто  хат задани номи  ҲНИ–ро дар рӯйхати интихоботӣ баробари хат задани номи ислому Худо мешумориданд.  Мутаассифона,  дар он давру замон буданд одамоне,ки ба чунин сафсата ва сухани бепояи дурӯғ бовар мекарданд. Маҳз бовар намудан ба чунин таблиғу ташвиқи душманони дохилӣ ва хориҷӣ дар солҳои навадуми асри ХХ халқи моро ба бадбахтиҳои гӯшношунид рӯ ба рӯ намуд.

Дигар он замон пушти сар шуд.  Одами кӯр  асояшро як бор гум мекунад, - гуфтаанд. Як бор мардуми мо мисли одами асогумкарда ба шумо  наҳзатиҳои ватанфурӯшу миллатфурӯш бовар карданд , вале ба чоҳи кандаатон афтоданд.   Дигар ягон кас намехоҳад, ки он рӯзҳоро ҳатто ба ёд биёрад.  Мо имрӯз аз он қаноатмандем, ки ба мисли Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешво ва Роҳбар дорем, ки моро рӯз то рӯз ба фатҳи қуллаҳои мурод мебарад.  Аз он шукр мекунем,  ки давлати рӯ ба тараққӣ,  обод ва зиндагии тинҷу осуда ва серу пур дорем. Барои ҳамин ҳамаи он дурӯғбофиҳои ту, Кабирию дигар садақаҷӯёни нонгадою ватангадоят  ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ки  имрӯз зиндагии шоиста ва серу пур насибашон гаштааст ва Худо хоҳад зиндагии аз ин ҳам беҳтару хубтар дар пеш аст,  бовар намекунанд.  Ва ин амали душманонаи туву ҳамроҳони роҳгумкардаат, ки аз шарм ва тарси ҷазо барои гуноҳҳои нобахшиданиатон  ба Ватани биҳиштосои Тоҷикистони зебоманзар баргашта наметавонед,  талвосаи  ҷонкании мори  захмдори заҳрдорро  мемонад.  Мори  заҳрдор ( аз он монданӣ надоред)  пеш аз мурдан кӯшиш мекунад, ки ба оне, ки  садди роҳи бадкирдориаш шудааст, заҳр бизанад.  Лекин фаромӯш накунед, ҳар як сокини кишвар барои заҳри сухани туву табақлесонат позаҳр дорад.

Сафар  Халилзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ховалинг

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg