БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли наврас аз боғча сарчашма мегирад!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Ситорача” боғчаи №4-и ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  иштирок дошта, оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тамоми паҳлуҳои  хоҷагии халқи кишвар  дарҷ гардиданд, аз ҷумла тарбияи насли наврас  дар роҳи ватандӯстиву  худогоҳии миллӣ суханрони карданд.

Дар хотима аз иштирокдорон  ҷиҳати  дуруст тарбия намудани насли наврас ва дар қалби онҳо аз хурдӣ ҷо намудани меҳру муҳаббат ба ватандӯстиву ватанпарварӣ, эҳтироми волидайн ва хислатҳои неки инсонӣ, инчунин ташкили шанбегиҳо, шинонидани гулу буттаҳо дар гирду атрофи боғча даъват ба амал оварда  шуд.

                                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg