БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- Роҳнамои мардум ба корҳои ободонию созандагӣ

ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навобод»-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида шуд.

Бо ибтикори раиси Кумитаи маҳаллаи Навобод, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Асроров Шералӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ ва бо дастгирии сокинони деҳаи Навобод 1,5 км роҳҳои деҳа тахту ҳамвор ва сангфарш  карда шуданд.  Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода дар бораи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шудааст. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ахолии деҳаю маҳаллаҳо мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg