БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҳаламонро ободу зебо месозем!

ВОСЕЪ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Заркорон”-и ҷамоат деҳоти Абӯабдуллоҳи  Рȳдакӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  Сафархони Муҳаббат бо аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии номбурда вохȳрӣ баргузор гардид.

Зимни вохȳрӣ Сафарова Ҳафиза атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва ҳамчунин оид ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Наврӯзи байналмиллалӣ суханронӣ намуд.

Баъди чорабинӣ дар доираи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Заркорон” корҳои ободонӣ, аз қабили тоза кардани назди Беморхонаи №3 аз алафҳои бегона, партовҳо ва шинонидани дарахтони мевадиҳанда роҳандозӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg