БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз наҳзатиёни манқурт алҳазар!

ВОКУНИШ.Ба даст гирифтани қудрат ва сохтани давлати исломӣ аз зумраи мақсадҳои ТЭТ ҲНИ аст. Куштори одамони бегуноҳ ва зинда ба зинда сӯзонидан амалҳои “ДИИШ” ҳаммаслакони ҳизби наҳзат мебошад. Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон дастаҷаъмона  «марионетка»-и «Давлати исломӣ» гардидаанд.

Лек имрӯз аз забони раиси ТЭТ ҲНИ сухан аз озодиву демократия мебарояд. Кабирӣ кори худро бо фиребу дурӯягӣ пеш бурда истодааст. Ӯ бо аврупоиён ба муросо кардан маҷбур асту  дигар илоҷе надорад. Бояд қайд кард, ки чунин шахсиятҳои дурӯяю риёкор барои баъзе ташкилоту давлатҳои ҷаҳонӣ  заруранд. Имрӯз дар ҷаҳон байни абарқудратҳо баҳри манфиатҳои геополитикӣ талошу муборизаҳо рафта истодааст. Дар ин роҳ онҳо аз ҳамаи воситаю имкониятҳо истифода бурда, ба ҳадафҳои худ расиданианд. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ барои баъзе аз ташкилотҳои аврупоӣ бозичаи кисагӣ ба шумор рафта, барои ҳадафҳои онҳо хизмати хирсона менамоянд.

Аъзои Паймони миллӣ ин ҳамон аъзои  ифротии наҳзатанд, ки амалиётҳои ношунидану ногуфтаниро ташкил ва гузаронида истодаанд. Беҳтар мешуд, ки паҳлӯ ба паҳлӯ бо давлату миллати тоҷик истода, барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистоқлол саҳм мегузоштанд. Лек Кабирӣ куҷову саҳмгузориҳои наҳзатиён дар роҳи хайру ободкорӣ куҷо.

Суҳбати мустақими собиқ роҳбари ТЭТ ҲНИ ва ҳамакнун Паймони миллии Муҳиддин Кабирӣ, ки тариқи фейсбук ва ютуб ба вуқуъ пайвастааст, ба мисли пештара пур аз суханони пучу иғво мебошад.

Дар суханронии худ Кабирӣ қайд кардааст, ки «ТЭТ ҲНИ то ин замон “машғули корҳои ташкилӣ” буд. “Тӯли ин се сол, баъди он ҳодисаи фоҷеъабор Наҳзати исломӣ ниёз ба як фурсате доштем то худро бозсозӣ кунем ва дар ин шароити ҷадид ҷои худро пайдо кунем, ки чӣ гуна дар он метавонем фаъолият кунем ва барои ояндаи кишвар чӣ барнома дорем”. Боварӣ дорам, ки барономаҳои нави ифротиро дар назар дорад.

Дар суҳбати худ роҳбари Паймони миллӣ иброз дошт, ки «Бузургтарин хидмати як мақомдор ин аст, ки пулу моли миллатро надуздад». Оё худ Кабирӣ ҷавоб дода метавонад, ки барои табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон кардааш   аз куҷо маблағ дастрас намуда бошад?  Маблағ барои зиндагӣ ва таҳсили фарзандон дар хориҷи кишвар аз куҷо дарёфт шуда бошад ва боз саволҳои дигару дигар…  Беҳтар он, ки аввал ба гузаштаи сиёҳӣ худ назар афканад, баъд дар бораи дигар масъалаҳо мулоҳиза намояд. Кабирӣ худ як дузди бесобиқа, мардумфиреб ва найрангбоз асту дар атрофаш худбаринҳо-косалесҳоро ҷамъ оварда, тибқи фармудаи хоҷагони хориҷии худ ба иқдомҳое даст мезанад, ки баръакс барои аз байн бурдани сулҳу субот дар кишвар ва ҳифзи манофеи геополитикии бегонагон равона гардидааст.

Чӣ тавре ки мебинем, ба туфайли фаъолияти пайваста мақомоти қудратии мо тавонистанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ҳизбро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот ва онҳоро тибқи қонун муҷозот намоянд.

Имрӯзҳо хурсандӣ ва хушҳолии мардуми тоҷик аз он шаҳодат медиҳад, ки мо Сарвари беҳтарин ва қаҳрамони худро дорад. Бо талошу ибтикор, саъйю кӯшиш ва ҷонфидоиҳои марди шарифу муборакқадам  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ифодаи ҷанг ба ифодаи сулҳ иваз гардидааст.

Мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Роҳбари хирадпешаи миллат ҳастем ва мехоҳем, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамешагӣ дар Тоҷикистони азизу маҳбубамон пойдор бошад.

 

Чақалов Ҳусейн,  узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

                                                                          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg