БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои Кабирӣ ва пайравонаш ба манфиати миллату Ватан нест!!!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳони муосирро хатари террористиву экстремистӣ фаро гирифтааст. Мақсади ин ташкилотҳои террористиву экстремистӣ  ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ин ноором кардани давлату миллат, гумроҳсозии ҷавонон, бераҳмиву қатлу куштор, найрангу фиреб ва ғайраҳо мебошад.

Нафароне, ки ба ҳарфу ваъдаҳои онҳо бовар карда, фирефта мешаванд, ҷони худ ва ҷони ҳазорҳо мардуми бегуноҳро зери хатар мегузоранд. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо мақсади доғ ба номи поки дини Ислом оварда, дар зери ниқоби Ислом чи корҳои фассоду даҳшатнокро анҷом медиҳанд.

Ин хоинони давлати озоду миллати бофарҳанг чи гуна бо ин дили бераҳму бешавқаташон ободиву зебогӣ ва оромию сулҳу суботи кишварро нодида мегиранд. Бо ин кори пасту разилонаи худ садҳо ҳазорон нафар ҳалок гашта, ҳазорон кӯдакон ятим монда, миллионҳо нафар сокинони осоишта аз манзилҳои худ маҳрум гаштанд.

Дигар ҳаргиз ин миллати ранҷдидаву азияткашидаи тоҷик ба ин фиребу найранги онҳо дода намешаванд. Ин таҷрибаҳои талхи ҳаёти ба бадхоҳони миллат ибрат нашуда боз ҳам мехоҳанд ба ин амалҳои нопокашон мардумро зидди якдигар бишӯронанд.

Ин қабила хоинону бадхоҳони миллат ҳаргиз бо ин мақсади нопоки худ ба ҳадаф намерасанд.

Шукри Истиқлолияти Ватани азизамон, ки мо имрӯзҳо дар фазои сулҳу ваҳдату оромӣ, зиндагии шоиста умр ба сар мебарем. Аммо мутаассифона ашхосе ҳастанд, ки мехоҳанд ин давлати рушдёфтаистодаи моро боз ба солҳои 1992-юм баргардонанд. Яке аз онҳо собиқ раиси Ҳизби наҳзат  Муҳиддин Кабирӣ.

Кабирӣ худро бори дигар ҳамчун «ҷонфидо»-и адолат муаррифӣ намуда, таҳдид кардааст, ки баҳри сафед кардани хиёнатҳои худ нисбати Ватану миллаташ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод намояд. Акнун, ки ниятҳои ифлосу ҷинояткоронаи роҳбарияти наҳзатиҳо ошкор шуд. Вақте ки бо хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ шуда буд, амалӣ нашуд, мудоме, ки муносибатҳои зичи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарияти Эрон аён шуду амалҳои хиёнаткоронаи онҳо нисбати мардуми осоиштаи Ватанамон ошкор гардид, онҳо мехоҳанд худро сафед кунанд. Ба пули пуч намеарзад он баромадҳову ваъдаҳои дурӯғи Кабирӣ, ки солиёни дароз дар назди ҳамҳизбону интихобкунандагони худаш «вазъ» мекард. Дар барномаҳои пешазинтихоботии худ, ваъда медод, ки «…ҷамъияту миллатро бахудиву бегона» ҷудо накунанд. Аммо аъзои ТТЭ ҲНИ ва тарафдоронашон халқро ба худӣ ва бегона ҷудо карда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба нобудкунии тоҷику тоҷикистониён машғул буданд. Аз минбари баланд, Кабирӣ мегуфт, ки «давлати мо бояд барои ҳама як хел бошад».

Дар интихоботҳо таҳти унвони «Мо барои Тоҷикистон ва Тоҷикистон  барои ҳама» иштирок мекард. Аммо байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, фақат як номи ҲНИ дар тафаккури мардум мисли ҷиҳод, ҷангу харобазор ҷой гирифтааст. Аз ин лиҳоз дар интихоботҳо овоз намегирифтанд. Кабирӣ даъват ба он мекард, ки гӯё манфиатҳои миллӣ  волотар аз манфиатҳои шахсӣ бошад. Ин гуфтаҳо амалӣ намешуданд, чунки Кабирӣ дар сафарҳои зиёди хориҷиаш, фақат манфиатҳои худ, нақшаҳои тиҷоратии худро ҳал мекарду омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ медид. Ба гуфтаҳои Кабирӣ «Ҳар як шаҳрванд, ҳар як ҳизб, ҳар як хизматчии давлатӣ вазифадор аст, барои миллати худ хизмат кунад, Истиқлолияти ватанашро ҳимоя намояд, марзу буми онро ҳифз кунад, арзишҳои милливу диниро ҳимоя намояд».

Аъзои ТТЭ ҲНИ ба мардум хизмат карда наметавонистанд, манфиати барпокунандаро ба халқу Ватан расонанд, чунки аксарияти онҳо ба манфиати шахсии худ кор мекарданд, аз қафои тиҷорату ширкатҳои хусусии худ саргардон буданд. Руҳониён бошанд, ба ном «нимчамулло»-ҳо ҷавононро бо усулҳои асримиёнагӣ, пинҳонӣ сабақ медоданд. Роҳбарони ҳизб (раис, муовин, мушовирони раис ва фаъолоне, ки ягон вазифаи муайян надоштанд) бошанд, ба расмиятпарастони корозмуда табдил ёфта, аз меҳнати ҷамъиятӣ озод, мубаддал гаштанд. Дар вақти омода намудани номзадон, наҳзатиҳо аз ин рӯйхат «шоирон, академикҳо ва дигар қишри хизматчиёнро» хат зада, мардумро боварӣ кунониданд, ки агар онҳо ба ҳизб «овоз» ҳам ҷамъ карда тавонанд, онҳо дар парлумон таҷрибаи кофӣ надошта ягон манфиат оварда наметавонанд. Дар асл наҳзатиҳо аз одамони хирадманду олимон дар ҳарос буданд, ки мабодо ниятҳои ифлоси онҳо ошкор нашавад. Маҳз бо фармони ТТЭ ҲНИ солҳои 90-ум хазинаи тиллоии зиёиён; арбобони сиёсӣ, нависандагон, олимон, духтурон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносон ба қатл расонида мешуданд. Баҳри амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ, наҳзатиҳо шахсони бемаълумот ва таасубкорони диниро ҷалб мекарданд. Маблағи асосии ҳизбро аслан роҳбарон барои қаноат кардани нафси худ истифода мебурданд. Аммо вақте, ки аз ҷониби наҳзатиҳо ҷиноятҳои содиркардаашон ошкор мешуд, онҳо дар тамоми ВАО шӯру ғавғо меандохтанд, ки гӯё ба ном исломҳо зери фишори Ҳукумат қарор дошта бошанд. Ин ҳолат то ҳол давом дорад.

Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон аз ҳамаи он хиёнату мардумфиребии наҳзатиҳо огоҳ буда, дигар роҳ намедиҳанд, ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мардумро аз роҳи худ гардонад.

Давлатзода Маҳмадшо Ғайрат,  узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg