БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мактаб даргоҳи муқаддас буда, омӯзгор шахси мӯътабар аст!

Ш.ШОҲИН.Тибқи нақшаи кории тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар Муассисаи давлатии Литсейи касбӣ- техникии ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо кормандони он  гузаронида шуд.

Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  Ачилдиев Турдимурод, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия  Акрамов Раҳим ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Ҳикматова Хайриниссо ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимнан масъулин  дар назди ҷамъомадагон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб,  аз ҷумла  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари  ҷаҳони муосир, иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ  ва дигар  масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg