ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни хонандагони Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Фарзона ва ҷованондухтарони муассисаи таълимии мазкур чорабини таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа бузург аст!» баргузор гардид.
Дар рафти чорабини Ализода Фарзона атрофи нуктаҳои асоси Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони намуда, зимни баромади хеш иброз дошт, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ қайд намуда буданд, ки: - «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам.
Илова кард, ки яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он ҳамсангу ҳамарзиш бо озодист. Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокорона баҳри озодист. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ташаккули давлату давлатдориро барои расидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ тай намуданд.