БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас вазифаи асосии мост!

ХУРОСОН.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Нилуфар” дар боғчаи №3-и  ноҳия бо иштироки аъзоёну тарафдорони ҳизбӣ суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-декабри соли 2018 бармеояд ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханрони карда шуд.

Дар хотима оиди дуруст тарбия намудани насли наврас ва дар қалби онҳо аз хурди ҷо намудани меҳру муҳаббат ба ватандӯстиву ватанпарварӣ, эҳтироми волидайн, ва хислатҳои неки инсони, инчунин ташкили шанбегиҳо, шинонидани гулу буттаҳо дар гирду атрофи боғча тавсияҳо дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg