ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон атрофи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, аз ҷамъомадагон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат ирогардида, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа мебошад, даъват ба амал овард.