КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳия дар мавзӯъи таблиғи арзишҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, вазъи фазои динӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ ва таҳлил намудани вазъи сиёсӣ мулоқот доир намуданд.
Ҳамзамон масъулин ба омӯзгороне, ки ба унвонии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ариза барои пайвастан ба сафи ҳизб пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супориданд.
Дар интиҳо ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ ба дастрас карда шуданд.