БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хатлонроҳ» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан иштирок намуда, доир ба мавзӯъи «Паём – дастури солона» баромад намуда, иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат дастури солонаи мардуми шарифи Тоҷикистон барои як соли оянда мебошад. Пешвои миллат зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қирғизистон, кушодани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид.