Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Кишоварзӣ» тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ Сунатуллоева Мавзуна мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла самаранок истифода бурдани замин, рушди хоҷагидорию кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар роҳи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ, расидан ба қадри заҳмату меҳнати Роҳбари давлат дар рушду тараққиёти Ватан андешаронӣ карда, аз иштирокдорон ҷиҳати ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ба меҳнати софдилона даъват ба амал овард.