БОХТАР. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудани Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо сокинон ва истиқоматкунандагони маҳаллаи Ваҳдат вохӯрии ҳизбӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок дошта, дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба самтҳои асосӣ ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, таваҷҷуҳи давлат ба қишри ниёзманди ҷомеа, сохтмони иншоотҳои гуногун махсусан марказҳои саломатӣ ва дар сатҳи баланду дастовардҳои назаррас таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.