БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ барои ташкили оилаҳои солим ба ҷавонон мусоидат мекунад

ШАҲРИТУЗ. Дар  асоси нақшаи  кории  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Шаҳритуз  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо ташаббуси  ташкилоти  ибтидоии  «Литсейи  касбӣ- техникӣ»  тӯйи  арӯсию домодии   ду  навҷавон аз оилаи  ниёзманди ҷомеа  гузаронида  шуд.  

Тӯйи арӯсию домодӣ  доираи қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил ва гузаронида шуд,  саҳми шахсони барӯманди ноҳия, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддинзода Бадриддин, раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз Файзуллозода Бобоҷон,  директори Литсеи Касбии Техникии ноҳия Лутфия Ёқуби , вакили Маҷлиси намояндагони ноҳияи Шаҳритуз, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидчон назаррас буда, ба навхонадорон туҳфаҳои хотиравӣ  дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуда, ба онҳо  хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуданд.  

 

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg