ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» , ҳамчунин бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо , ҳамзамон оиди баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи давлатии фарии хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Кангурти ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо кормандон баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот нахуст суҳбат дар атрофи мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз Маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор гардида буд, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд .
Баъдан, вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ” Қурбонов Нурхон кормандон бо мақсади сабзу хуррамгардонии гирду атрофи бино баромада, бехи ниҳолҳоро нарм карданд.
Ҳамзамон дар корҳои ободонӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид бевосита иштирок кард.