ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон-2”-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир гардид.
Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд. Ҳамчунин қайд кард, ки ҳизбиён дар раванди созандагии Ватан мисли ҳар як шаҳрванди бонангу номус пешсаф мебошанд. Дар кишвари мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон ҳама шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идома оид ба мавзӯи дигари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ–баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар кишвар мамнӯъ ва мубориза зидди онҳо бо роҳи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияти асолати миллӣ суханронӣ шуд.
Чорабинӣ бо татбиқи қисмати амалии аксияи тарғиботӣ-ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» хотима ёфта, сокинон дар корҳои ободониву кабудизоркунии маҳаллаашон саҳми назаррас гузоштанд.